14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоби «Тоҷикон» ба аҳолии Тоҷикистон туҳфаи арзишманду таърихӣ маҳсуб мешавад

Февраль 14, 2023 11:13

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин  рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Дар оммавигардонии рӯзи тақдими китоб  кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон  фаъол мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.

Тақсими китоби «Тоҷикон» моҳи декабри соли 2020  аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардида, моҳи декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Сокинони мамлакат ин амали наҷибро  бо хушнудӣ истиқбол намуданд, зеро шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» асари нотакрору фарогир буда, дар он таърих, забон, адабиёт, дин, фарҳанг, илм, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, меъморию сохтмон, косибию зироат ва соҳаҳои дигар хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба риштаи таҳлил гирифта шудаанд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат шоистаи дастгирист, зеро он  асари мондагори миллати тоҷик аст.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти китобхон гардидани ҷомеа  корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» мебошанд, ки бевосита таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони  мамлакат доир карда мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

Соли 2023 ба Низомномаи озмун якчанд тағйироту навгониҳо ворид гардид ва он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Ба номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуда, имсол довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.

Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»

Бояд тазаккур дод, ки соли сеюм аст дар мамлакат дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли равон дар чор давр баргузор шуда, даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм  нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикон мебошад.

Моҳи феврали соли равон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Тоҷикистон  оғоз гардид.

Озмуни мазкур дар чор давр аз моҳи феврал то декабри соли 2023 доир карда мешавад. Дар он аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи китобхонии хонандагону дигар сокинони мамлакат ва рӯ овардан ба илму дониш мебошад.

Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои замон буда, ба ҳукми анъана даромадани он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад.  Зеро ҳадяи китоб ва ба он эътимод доштан аз гузаштаи мардуми тоҷик  ва махсусан модарони мо сарчашма мегирад. Ин решаҳои тамаддуну фарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо идома пайдо карда, ҳувияти миллии тоҷикон дар асоси ҳамин анъанаҳо то ба имрӯз шакл гирифтаанд. Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи гузаштагон буда, он имрӯз равнақи бештар касб намудааст. Бузурге гуфтааст, ки «агар дар бораи инсон ҳукм  биронем,  бояд сараввал  бипурсем, ки чанд китоб хондааст. Зеро китоб муаллимест, ки бидуни асо ва  тозиёна моро тарбия мекунад».

Дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳар яки мо дар ин кори хайр бояд шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ  тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд