30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Занону модарони фаъоли шаҳри Ваҳдат бо сарбозону афсарон вохӯрӣ намуданд

Февраль 22, 2023 08:29

ВАҲДАТ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии баталиони махсуси Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ  дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занону модарони фаъоли шаҳри Ваҳдат бо сарбозону афсарон вохӯрӣ доир карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки “таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имсол 30-солагии бунёди Артиши миллиамонро бо тантана ва дар шароити тинҷу ором ҷашн мегирем. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мешавад, ки Ватани мо- Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави тараққиёти худ дохил шуда, бо қадамҳои устувор барои боз ҳам пойдор гардонидани сулҳ, таҳкими арзишҳои давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш меравад. Мо, модарони хушбахтем, ки сарбозону афсарони тоҷик ба душвориҳо нигоҳ накарда, дар тӯли 30 сол дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи пуршараф ва муқаддаси ҳарбии худро иҷро намуда, пайваста донишу малакаи худро такмил дода истодаанд”.

Қисми низомии баталиони махсуси Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи сайёҳии дараи хушманзараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, дорои  беҳтарин шароити замонавӣ мебошад.  Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ сарбози ин қисми низомӣ Сомон Ҳакимов иброз дошт, ки  “ман 11 моҳ мешавад хизмати ҳарбиро адо намуда истодаам. Ба ҷавонони Ватан гуфтаниям, ки хизмати Модар-Ватан- ин мактаби ҷавонмардӣ аст. Барои ҷавонони тоҷик  бояд ҳифзи модару хоҳар, зану фарзандон аз душман номуси ҷавонмардӣ бошад ва мардонавор ба ин мактаби мардонагӣ бояд шомил гарданд. Барои мо, сарбозон дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайё намудаанд  ва пайваста масъулини шаҳру навоҳии мамлакат бо барномаҳои фарҳангӣ  ба  дидори сарбозон омада, онҳоро рӯҳбаланд месозанд.  Мо, сарбозон якпорчагии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ мекунем, бо хизмати намунавӣ ва меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва неруи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!”.

Тибқи иттилои сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат Парвиз Шералиев, бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни афсарону сарбозони қисми низомии  баталиони махсуси Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон  дар шаҳри Ваҳдат барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Артиш такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат аст».

Дар  партави сиëсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат моро зарур аст, ки ба хотири таъмини амнияту осоиштагии миллату давлат саф ороста, баҳри ҳимояи ҳар ваҷаб хоки Ватанамон омода бошем ва онро бо баҳои ҷони хеш ҳифз намоем.

Дар фарҷом ба як зумра сарбозону афсарон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Февраль 22, 2023 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа