30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар қисми ҳарбии шаҳри Конибодом Рӯзи шиносоӣ доир карда шуд

Февраль 14, 2023 19:10

СУҒД, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи шиносоӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар маркази  матбуоти Раиси шаҳри Конибодом хабар доданд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти шаҳри Конибодом, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вакилони маҷлиси вилоятӣ ва шаҳрӣ, падару модарон иштирок намуда, бо сарбозон роҷеъ ба 30 соли таърихи таъсиси Артиши миллӣ, саҳми ҷавонони содиқу ватандӯсти тоҷик дар таъмини тинҷиву осудагии халқу ватан суҳбат анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, имрӯз чун ҷумҳурии дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо кардааст. Таъкид шуд, ки имрӯз давлату ҳукумат масъулияти басо муҳим — ҳимояи арзишҳои давлатдориро ба сарбозони шуҷои Ватан бовар намудаанд.

Сипас иштирокдорон аз шароити қисми ҳарбӣ ва ҷараёни хизмати сарбозон дидан намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо тарзи истифодаи яроқ ва ҳаёти хизматии сарбозону афсарон шинос шуданд. Аз ҷониби модарон ба сарбозону афсарон нону шириниҳо ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронидани вохӯриву ҳамоиш бо сарбозону афсарон ҷараён дорад.

Сурат-гузориш аз Рӯзи шиносоӣ дар қисми ҳарбии шаҳри Конибодом пешниҳод мешавад:

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Конибодом

Февраль 14, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд