35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ 77 иншоот ба истифода дода шуданд
ВОСЕЪ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2022 дар ноҳияи Восеъ 77 иншоот ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода иттилоъ дод.
Иброз дошта шуд, ки ҷалби соҳибкорон ба ободонии Ватан ва муҳайё намудани шароити озоди фаъолият барои пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати сохтмони корхонаҳои хурду миёна дар асоси талаботи бозори меҳнат бо мақсади дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ва кӯдакони бепарастор аз тарафи соҳибкорон зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
«Дар ноҳия 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 27,1 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 175 миллиону 768,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 34 миллиону 925,4 ҳазор сомони зиёд буда, 124,8%-ро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 45,5% ба корхонаҳои хусусӣ ва 54,5% ба тадқиқоту мушоҳидаҳо рост меояд»,-илова намуд Ҷамшед Шарифзода.
Дар нишаст гуфта шуд, ки давоми соли 2022 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 51 миллиону 669 ҳазору 779 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи пардохтҳои ҳатмии фонди ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоти ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 11,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 358 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






