Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ба 490,2 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 490,2 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 12,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Аммо бо назардошти захираву имконияти васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо Мудири Департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Русия иттилоъ дода шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳайати расмии Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Мудири Департаменти Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба Русия, шарикони шарқӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девин вохӯрӣ доир намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тезонидани раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ҷалби бештари маблағҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷараёни амалишавии «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи «Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027» ба соҳаҳои иқтисоди «сабз»-у рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






