Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон соли 2022 ба дарозии 50,5 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронидааст

Февраль 1, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба дарозии 50,5 км (198 фоизи нақша) ба маблағи 133,7 млн.сомонӣ (185 фоиз) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд дирӯз, 31 январ зимни нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Дар умум дар давоми 5 сол аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба маблағи 480,7 млн.сомонӣ ба дарозии 216,0 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, иншооти харобгардидаи муҳофизатии соҳил барқарору мустаҳкам гардида, то андозае хавфи шусташавии заминҳо ва иншооти хоҷагии халқ коҳиш дода шуд»,- иброз гардид дар нишаст.

Тазаккур дода шуд, ки намояндагони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро бо вусъат идома дода, ҳамасола то баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омадани селҳои мавсимӣ қисматҳои осебпазирро бо гузаронидани корҳои заминӣ, гузоштани тахтасангҳо ва сохтани садду обгардонҳо аз нав барқарор менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад