Ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар конференсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 7-8 феврал дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ибтикори Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон дар мавзӯи «Ояндаи Иттифоқҳои касаба – дурнамо ва афзалият» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар конференсияи мазкур иштирок намуд.
Дар конференсия ҳамчунин намояндагони Иттифоқҳои касабаи 25 давлат, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба ва мақомоти дахлдори Озарбойҷон иштирок доштанд.


Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон бо ҷониби Озорбойҷон, Туркия, Узбекистон, Туркманистон, Гурҷистон, Молдова ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва мулоқоту вохӯриҳои корӣ доир шуда, масоили рушди ҳамкории минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳавӣ баррасӣ гардид.
Бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои саҳми муносиб дар рушди ҳамкории дуҷониба Раиси Конфедератсияи иттифоқҳои касабаи Озарбойҷон Саттор Меҳбалиев бо Нишони Фахрии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонида шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






