Ҳайати парламентӣ ва сафири Тоҷикистон дар мулоқоти сафирони давлатҳои аъзои СААД бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳо ва сафирони кишварҳои аъзои СААД бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории гуногунҷанба бо тамаркуз ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ дар чаҳорчӯби СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






