Ҳангоми ҳамлаи террористӣ ба идораи полис дар Карочии Покистон ҳафт нафар ҳалок шуданд

Февраль 20, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби ҷумъа ҳангоми ҳамлаи террористӣ ба идораи сардори полис дар Карочӣ- маркази вилояти Синд дар ҷануби Покистон ҳафт нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 18 феврал дар «Твиттер» котиби матбуоти ҳукумати музофотӣ Муртазо Ваҳоб хабар додааст.

Мувофиқи гуфтаи ӯ, неруҳои амниятӣ ҳарсе ҷангҷӯро, ки ба бино ҳамла карданд, нобуд карданд. Илова бар ин, марги се маъмури амниятӣ ва як ғайринизомӣ таъйид шуда, 19 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки яке аз онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ҳамла тақрибан соати 19:10 ба вақти маҳаллӣ ба амал омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷангӯён аз дарвозаи асосӣ вориди бино шуда, дар ҷараёни ҳамла беш аз 25 норинҷакро истифода кардаанд.

Масъулияти ин ҳамларо созмони «Таҳрики Толибони Покистон», ки дар ин давлат мамнӯъ аст, бар уҳда гирифт. Дар изҳороте, ки шоми ҷумъа нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳадафи ҳамла идораи полиси Карочӣ будааст.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин ҳамларо шадидан маҳкум карда, ба полис ва неруҳои амниятӣ барои амалиёти бонатиҷа алайҳи ҷангҷӯён изҳори сипос намуд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд