БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ бунёд мегардад

Февраль 5, 2023 18:44

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ сохта ба истифода дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Бинои мактаб аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои кории маъмурият, пизишкон, мураббиён, ҷойи оббозӣ, ҷойи либоскашӣ ва толори маҷлисгоҳ ҷойгир карда мешавад. Дар саҳни бино майдони камонварии тобистона сохта хоҳад шуд. Дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, толори  либоскашӣ ва ҳуҷра  барои нигоҳ доштани таҷҳизоти камонварӣ ҷойгир карда мешавад.

Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»–и шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, варзишгоҳи бузургтарини вилоят ба ҳисоб меравад. Қасри варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва  майдонҳои теннис низ дар наздикии варзишгоҳ  мавҷуд мебошанд. Бунёди  боз як иншооти нави  варзишӣ дар маҷмуъ барои мусоидат  ба рушди соҳаи варзиш дар вилоят  пешбинӣ шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Февраль 5, 2023 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд