БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Норак 20 корхонаи саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад

Февраль 13, 2023 08:44

НОРАК, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатикунонии шаҳри Норак соли 2022 аз тарафи соҳибкорони шаҳр корхонаи истеҳсоли “Микросемент”, корхонаи истеҳсоли коркарди сангҳои ороишӣ, коргоҳи маҳсулоти маводи сохтмонӣ, коргоҳи истеҳсоли гаҷи картон ва коргоҳи истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 142 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 2022 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2021 101,5 миллион сомнӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз қабили 8 адад бинои маъмурӣ, 8 адад муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаи табобатӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ, 20 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хизматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз гардидаанд. Ҳамчунин дар корхонаи истеҳсоли хишти пухта корҳои тахту ҳамворнамоӣ иҷро гардида, насбу васли таҷҳизот идома дорад. Он дар кӯтоҳтарин муҳлат ба фаъолият оғоз менамояд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд