Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Бохтар ба модари сарбози шаҳидшуда кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба модари сарбози шаҳидшуда Аслам Миникулов барои тарбия намудани фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ «Сипоснома» ва маблағи пулӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки бо қарори Иҷлосияи 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8- и шаҳр ба номи Аслам Миникулов гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Бохтар Аслан Миниқулов соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст.
Зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 14 сентябри соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид.
Тазаккур дода шуд, ки корномаи ин ҷавони ватандӯст барои ҳазорон ҷавони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист. Ватану миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидову ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






