Бар асари заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд

Февраль 6, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заманларзаи шадид  дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия  ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.

Тавре қаблан хабар додем, дар ҷанубу шарқи Туркия бар асари заманларзаи 7,4-балла беш аз 75 нафар ҳалок ва зиёда аз 440 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Таконҳои зеризаминӣ баъди заминларза дар аксар минтақаҳои Туркия, хусусан дар Анқара ба қайд гирифта шуданд.

Заминларза дар минтақаи Пазарҷики музофоти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр, соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Баъдан таконҳои зеризаминӣ тайи ним соат дар минтақаҳои мухталиф – Одоно, Анқара, Анталия, Газиантеп, Қайсарӣ, Мерсин, Трабзон ва Шанлиурфа ба қайд гирифта  шуданд.

Ба ғайр аз ин, шабакаи Al Arabiya иброз медорад, ки таконҳои зеризаминӣ инчунин дар бархе минтақаҳои Ироқ ва Либия низ ба вуқуъ пайвастаанд.

Зарари ҷиддӣ ба манзилҳои истиқоматӣ дар вилоятҳои Қаҳрамонмараш, Малатия, Шанлиурфа ва Газиантеп ба қайд гирифта шудааст.

АКС: рӯзномаи Türkiye

Февраль 6, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид