Беҳтарин кабинети методӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин кабинети методӣ» дар соли 2022 ҷамъбаст гардид. Дар он кабинети методии муассисаи таҳсилоти томактабии №118-и ноҳияи Сино ва кабинети методии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсӣ беҳтарин дониста шуда, бо ҷоизаи озмуни «Беҳтарин кабинети методӣ» ва туҳфаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Тибқи Низомнома, озмуни мазкур дар ду давр: ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуда, дар даври ноҳиявии он 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Мақсад ва вазифаҳои озмун- пеш аз ҳама, дарёфт ва муайян намудани кабинети методии беҳтарин, баланд бардоштани мақоми кабинети методӣ ҳамчун маркази ташаккулдиҳандаи маҳорати касбии мураббиён ва омўзгорон, такмил додани мазмун, шакл, усул ва воситаҳои самараноки хизматрасонии методӣ, тарғиб ва мавриди истифода қарор додани натиҷаҳои озмоиш ва таҳқиқоти методӣ дар ҷараёни таълиму тарбия мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






