Бозорҳои ноҳияҳои Ховалингу Мастчоҳ ва Шаҳристон навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии бозори Ховалинг ва сохтмони бозорҳои нав дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Шаҳристонро ба нақша гирифтааст. Ин нуктаро муовини Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
Мавсуф тазаккур дод, ки бахшида ба ин ҷашни миллӣ «Тоҷикматлубот» корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ сохтмону навсозии бозорҳо, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва иншооти дигари хизматрасониро ба нақша гирифтааст.
Соли гузашта барои корҳои сохтмонӣ, ободониву созандагӣ, таъмири бинову иншоот ва хариди воситаҳои асосӣ 12,9 миллион сомонӣ маблағ хароҷот карда шуд. Аз ҷумла, барои идомаи навсозӣ ва ба истифодадиҳии бозорҳои марказии ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Файзобод 1,1 млн сомонӣ, Муъминобод- 282,0 ҳазор сомонӣ, бозори ноҳияи Носири Хусрав- 439,1 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои идораи маъмурӣ ва посбонхона дар даромадгоҳи бозори марказии ноҳияи Спитамен- 256,8 ҳазор сомонӣ, сохтмони бозори чорвои ҷамъияти матлуботи шаҳри Ҳисор- 150,3 ҳазор сомонӣ ва барои таъмини биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 598, 3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Дар баробари ин номбурда баён дошт, ки аз ҳисоби навсозӣ ва ба истифода додани иншооти нав дар ташкилоту муассисаҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои аҳолӣ 352 ҷойи нави кор муҳайё карда шуд. Шумораи бозорҳои соҳа 64 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бозорҳои ҳаррӯза 34 адад, бозорҳои дар як ҳафта як рӯз фаъолияткунанда 20 адад ва бозорҳои чорво 10 адад мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ вохӯрӣ доир шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд






