Дар Академияи идоракунии давлатӣ барои масъулини коргузории махфӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад

Февраль 16, 2023 14:52

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 13 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва амнияти техникии иттилоот» барои хизматчиёни давлатӣ- масъулини коргузории махфии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо давраи омӯзишии такмили ихтисос ҷараён дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давраи омӯзиши такмили ихтисос то 18 феврал идома ёфта, аз рӯйи барномаи таълимӣ барои шунавандагон дар мавзӯъҳои мубрам ҷиҳати такмили малакаву маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ, яъне омӯзиши чорабиниҳои асосии ҳифзи сирри давлатӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин соҳа, мафҳум ва моҳияти амнияти иттилоотӣ, вазифа ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, ташкилот оид ба ҳифзи иттилоот, роҳҳои асосии таъмини низоми махфият, уҳдадорию масъулияти кормандони дорои рухсат ва сирри давлатии мақомоти давлатӣ ва ташкилот, тартиби махсуси таҳия, барасмиятдарорию фиристодани ҳуҷҷатҳои содиротӣ, тартиби махсуси барасмиятдарорию нигоҳдории ҳуҷҷатҳои воридотӣ, ташкил, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории онҳо дар парвандаҳо дар асоси феҳрист ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Дар анҷоми давраи омӯзиши такмили ихтисос дар мавзӯи «Коргузории махфӣ дар мақомоти давлатӣ» ҳамоиш баргузор карда шуда, шунавандагони он соҳиби Гувоҳномаи хатми такмили ихтисос мегарданд.

АКС: Агентии хизмати давлатӣ

Февраль 16, 2023 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд