Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ амал мекунад

Февраль 9, 2023 15:12

ДАНҒАРА, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодиву ободонӣ дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Нуралӣ Шоҳиён иброз дошт, ки дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ ва дар назди ҳар факултет синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки бо компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Компютерҳо ба сервери базаи маълумот васл шуда, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ тариқи саволномаҳои тестӣ ба роҳ монда шуда, шаффофияти натиҷаи тестҳо  таъмин мебошад. Китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои компютерии назди факултетҳо ба тариқи электронӣ қабул карда шуданд, ки ин раванд шаффофу воқеъбинона муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯёнро таъмин намуда, яке аз омилҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.

Зимни нишасти матбуотӣ изҳор карда шуд, ки донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони касбиро аз рӯи 62 ихтисос дар 13 факултет ба роҳ мондааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара теъдоди умумии аспирантон ва унвонҷӯён аз рӯи 21 ихтисос ва равияи илмӣ 107 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2022 зиёда аз 10 нафар омӯзгорону унвонҷӯён рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассусҳои педагогика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, иқтисодӣ ва техникӣ соҳиби дипломҳои дараҷаи илмӣ гардиданд.

Инчунин 12 нафар омӯзгорону унвонҷӯён омодаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, 18 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳамчун доктор PhD таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

Февраль 9, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд