Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ амал мекунад
ДАНҒАРА, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодиву ободонӣ дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Нуралӣ Шоҳиён иброз дошт, ки дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ ва дар назди ҳар факултет синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки бо компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Компютерҳо ба сервери базаи маълумот васл шуда, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ тариқи саволномаҳои тестӣ ба роҳ монда шуда, шаффофияти натиҷаи тестҳо таъмин мебошад. Китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои компютерии назди факултетҳо ба тариқи электронӣ қабул карда шуданд, ки ин раванд шаффофу воқеъбинона муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯёнро таъмин намуда, яке аз омилҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Зимни нишасти матбуотӣ изҳор карда шуд, ки донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони касбиро аз рӯи 62 ихтисос дар 13 факултет ба роҳ мондааст.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара теъдоди умумии аспирантон ва унвонҷӯён аз рӯи 21 ихтисос ва равияи илмӣ 107 нафарро ташкил медиҳад. Соли 2022 зиёда аз 10 нафар омӯзгорону унвонҷӯён рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассусҳои педагогика, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, иқтисодӣ ва техникӣ соҳиби дипломҳои дараҷаи илмӣ гардиданд.
Инчунин 12 нафар омӯзгорону унвонҷӯён омодаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, 18 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ҳамчун доктор PhD таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






