Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 35 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд

Февраль 15, 2023 17:42

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 35 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки нисбат ба соли гузашта 24 нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод Ректори донишкадаи мазкур Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи мавсуф, аз ин шумора 2 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 22 нафар аз Ҳиндустон, 8 нафар аз Покистон, 2 нафар аз Нигерия ва 1 нафар аз Бангладеш мебошанд.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 дар назди Донишкада Маркази клиникӣ, илмӣ, таълимӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар таҷрибаи сохтори тандурустии мамлакат ин аввалин муассисаи табобати наздидонишкадавӣ буда, дар он шуъбаҳои эндоҷарроҳӣ ва эндоурологӣ, трепеватӣ, кардиологӣ, стоматологӣ, гинекологӣ, дармонгоҳӣ ва дигар шуъбаҳо амал карда истодаанд ва дар заминаи онҳо корҳои табобатӣ гузаронида мешаванд.

Гуфта шуд, ки аввалин маротиба дар Маркази мазкур амалиёти тарзи бартарафсозии деформатсияи модарзодии даҳанмонанди қафаси сина бо роҳбарии ҷарроҳи кӯдакона, профессор Ҳабибулло Ибодов гузаронида шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад