Дар Душанбе оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд

Февраль 15, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ-омили пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон» баррасӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯи «Роҳҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»», «Роҳҳои пешгирии шомилшавии кӯдакону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ», «Усулҳои пешгирӣ намудани кӯдакону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ», «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024», «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар пешгирии савдои одамон» маърӯза намуданд.

Ҳамоиши мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндаи кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд