Дар Душанбе татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 14, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе шарҳи якҷояи соли дуюми татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Саммити 2 баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи Стратегияи мазкур ва саҳми шарикон оид ба рушд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки дар Стратегияи мазкур омадааст, ки «таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснок шуда, ҳифзи солимии модару кӯдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои ҳифзи саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нӯшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда шавад».

Гуфта шуд, ки дар ин давра аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои мамлакат бори аввал амалиёти стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллонисиликонӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рӯдаи ғафс бо колоноскоп, ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Озан Севимли, роҳбари Намояндагии доимии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел  Урсу, намояндагони сохторҳои дахлдори мамлакат ва шарикони рушд иштирок ва маърӯза намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар бар гирифта, дар самти пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбоби ҳозиразамон, пурзӯр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамоиши имрӯзаи сатҳи баланд – Саммити 2, ки ба соли дуюми татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баъшида шуда, яке аз самтҳои асосии онро ҳифзи солимии модар ва кӯдак ташкил менамояд, имкони хубест барои андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ба ин васила паст намудани нишондиҳандаҳои оморӣ, аз ҷумла нишондиҳандаи фавти модарон, кӯдакони то 1-сола ва то 5- сола. Тибқи маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон тамоюли пастравӣ дошта, нишондиҳандаҳои фавти кӯдакони синни то 1-сола ба 12,1 ва то 5-сола ба 14,6 ба 1000 зиндатаваллуд баробар мебошад (мутаносибан соли 2021 — 13,1 ва 16,2). Инчунин соли сипаригардида бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои фавт ва маъюбшавии кӯдакон аз ҷониби мутахассисони соҳа дар 343 нафар кӯдакон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.  Нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 2022 ба 23,1 нисбат ба 100000 зиндатаваллуд баробар гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (соли 2021 – 29,0) ба андозаи 5,9 ба 1000 коҳиш ёфтааст.

Гуфта шуд, ки соли 2022 тамоюли зиёдшавии маюбон дар байни кӯдакони маъюб мушоҳида гардида, сабабҳои он аз як тараф- ин нуқсонҳои модарзодӣ, ирсӣ-гинетикӣ ва никоҳи хешу табории наздик буда, аз тарафи дигар- ин беморшавии аҳолӣ аз касалиҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ мебошад. Дар соли сипаригардида ба 1713 нафароне, ки бемории сироятии паҳнгаштаи коронавируси COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, бори нахуст гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда шуд.

Таҳлили сифатӣ ва иҷтимоии шумораи маъюбон нишон дод, ки теъдоди шахсони маъюб дар шаҳр 23,3 ва дар деҳот 76,7 фоиз маъюбонро ташкил менамояд. Инчунин шумораи маъюбони коркунанда дар шаҳр ба 9,3 ва дар деҳотба 5,1 фоиз баробар мебошад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш шарикони рушд доир ба дастовард ва ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон андешаҳои худро ироа намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти саҳми назаррас дар мубориза бо бемории COVID -19 ва таҷрибаи самаранок дар арсаи ҷаҳонӣ таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи муваффақ шинохта шуд».

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои эътирофи фидокории кормандони тиб ва уҳдадориҳои бардавоми қувваи беҳдошт ва нигоҳубин дар беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии мардум сарфароз гардонида шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии «Пешгирӣ, ташхис, табобат ва вокуниш ба бемории обилаи маймун» амалӣ мегардад
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои ИДМ дарсҳои озод доир шуданд
Дар шаҳри Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак таҳлил гардид
Дар Душанбе ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»