Дар гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба андозаи 21,3 млн сомонӣ қоидавайрокуниҳои молиявӣ муайян карда шуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар соли сипаригардида дар марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ қоидавайрокуниҳои молиявӣ ба андозаи 21,3 млн сомонӣ муайян ва барқарор карда шуданд. Дар ин хусус Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълмуот дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати таъмини арзёбии истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷудогардида дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои аудиторӣ дар 30 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ гузаронида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 43,1 млн сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 37, 7 млн сомонӣ, ба корхона ва ташкилоту муассисаҳо 5,2 млн сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзу ҳуқуқ 250 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Қарахон Чиллазода дар мавриди ҳамкории байналмилалӣ изҳор дошт, ки Палатаи ҳисоб дар асоси созишномаҳо бо мақомоти олии аудити Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Беларус, Латвия, Ҷумҳурии Исломии Эрону Покистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






