Дар Хадамоти иҷро бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

Февраль 23, 2023 17:37

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мо ифтихор аз он дорем, ки сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пойдорӣ ва амнияту суботи мамлакатамон шабу рўз дар хизмат қарор доранд. Ин нукта зимни баргузории ҳамоиши идона дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти мазкур.

Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи душвори сиёсии мамлакат таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сохти конститутсионии мамлакат ва ҳимояи марзу буми Ватан саҳми сазовор гузошт.

Тазаккур дода шуд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми мамлакат тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Зимни ҳамоиш ба як зумра кормандон медали ҷашнии «30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид