Дар Хадамоти иҷро доир ба иҷрои бандҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Февраль 4, 2023 14:38

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур.

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ соли бобарор буд». Ин нукта моро водор месозад, ки ҳама рӯйдодҳои соли сипаригардидаро дар зеҳни хеш равшан намоем.

Бо баррасию таҳлил дармеёбем, ки соли сипаригашта воқеан ҳам барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Дар замоне, ки вазъи ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад ва гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй доранд, ки дар мамлакатҳо бо ноором намудани вазъият манфиат ҷӯянд, пойдор нигоҳ доштани оромиву осудагӣ, сулҳу субот ва гузашта аз ин, ба сӯйи ободию сарсабзӣ устуворона қадам ниҳодан, бидуни шак, беҳтарин неъмат аст.

«Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа буд. Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардонидани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шудаанд. Имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъолият накунанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми бонувон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамсола бештар аз пештар ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сол то сол шумораи бонувону занон зиёд шуда истодааст.

«Роҳбари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Воқеан ҳам, масъалаи мавриди назар хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод мекунанд. Ҳамин аст, ки хушбахтона, дар мамлакати мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти Тоҷикистон хизмати бузург анҷом медиҳанд»,-гуфт Барно Саидвализода.

Дар ҳамоиш инчунин дигар иштирокдорон вобаста ба мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 4, 2023 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад