Дар Хатлон дар доираи амалишавии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маориф 350 муассисаи таълимӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳру ноҳяҳои вилояти Хатлон 79 иншооти соҳаи маориф сохта шуда, дар ин замина барои 12984 хонанда ҷойи нишаст фароҳам омад. Дар ин хусус имрўз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда тазаккур дод, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум 9 таълимгоҳ иборат аз 45 синфхона ва 1080 ҷойи нишаст барои толибилмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон дар соли 2022 ба 43 нафар қарзҳои боимтиёз ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ (ба ҳар яке) ихтисос дода шудааст. Инчунин зиёда аз 60 нафар омӯзгорони ҷавон ва фаъоли вилоят бо замини наздиҳавлигӣ ва полезӣ таъмин гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Тибқи барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон то соли 2027 қариб 350 муассисаи таълимӣ бо маблағгузории 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки тибқи нақша, барномаи мазкур дар ду марҳила- солҳои 2022-2024 ва 2024-2027 амалӣ гардонида шуда, аз се замима иборат аст: сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд. Марҳилаи дуюм, муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд. Тибқи замимаи сеюм таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои он ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёна, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






