Дар хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ниҳолхонаи нав ташкил карда шуд
Ш.ШОҲИН, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар майдони як гектар ниҳолхонаи нав ташкил карда шуд. Бунёди ниҳолхона дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар айни замон кормандони хоҷагии ҷангал дар ниҳолхонаи нав, ки атрофаш бо симтӯр маҳкам карда шудааст, ба шинонидани ниҳолҳо ва тухмии он машғул мебошанд. Дар ин ҷо бештар ниҳолҳое парвариш меёбанд, ки ба шароити иқлими минтақа мутобиқ буда, дар бунёду барқарорсозии ҷангалзор истифода бурда мешаванд. Ҳангоми шинонидани тухмии ниҳолҳо қоидаҳои агротехникӣ риоя мегарданд. Яке аз мушкилоти асосӣ дар бунёди ниҳолхона- ин норасии об мебошад. Бо назардошти ин як чоҳи амудӣ канда шуда, ба масофаи беш аз 1500 метр қубур кашидаанд. Ҳоло аз ин об ду маҳаллаи аҳолинишин ва ниҳолхона обёрӣ карда мешаванд.
Инчунин бо татбиқи барномаи мазкур иншооти панели рушноӣ низ бунёд гардида, бинои маъмурии хоҷагӣ бо барқи доимӣ таъмин гардидааст.
Тавре Директори Хоҷагии ҷангали «Шӯрообод» Сайҷаъфар Асрорзода иттилоъ дод, «дар доираи дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи маҳаллӣ таъмин намудани ниҳолҳо барои пешбурди корҳои бунёду барқарорсозии ҷангал дар назди муассиса як ниҳолхона ташкил карда буданд, ки ниҳолҳои он барои бунёду барқарорсозии ҷангал омода мебошанд. Ниҳолҳо ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва сабзишашон беш аз 95 фоизро ташкил медиҳад».
Бо бунёди он майдони умумии ниҳолхона дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба якуним гектар расида, имкони бо хароҷоти камтарин бунёду барқарорсозии ҷангалзор фароҳам меояд.
АКС: АМИТ «Ховар








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






