Дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои муайян кардани ҳаҷми талафи маҳсулоти захирашуда ситоди махсус ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Талафоти маҳсулоти захирашуда дар сардхонаву анборҳо аз сардиҳои зимистони имсола тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад. Бо ин мақсад дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои муайян кардани ҳаҷми хисороти расида ситоди махсус ташкил карда шудааст, ки ҳамин ҳафта ба ҳисоб кардани зарар шурӯъ мекунад. Дар ин хусус имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» дар анбору сардхонаҳои Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ ва 300 тонна мева, инчунин 180 тонна ангишт низ захира карда шудааст.
«Захиракунии маҳсулот амалест, ки дар мавридҳои зиёд аз вай фоида дидан мушкил аст, чунки асоси захира- ин қонеъ кардани талабот ва андешидани тадбирҳо барои он аст, ки маҳсулот бо нархи нисбат ба бозор арзонтар дастраси мардум карда шавад. Мутаассифона, имсол маҳсулоти дар анбору сардхонаҳо захира кардаи мо тақрибан 20 фоиз талаф ёфт», — гуфт Хуршед Раҳмонализода.
Номбурда таъкид кард, ки ҳоло дар бозорҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии «Тоҷикматлубот» мавҷуданд, ки дар онҳо як кило пиёз бо нархи 3,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 45 анбор, инчунин 3 сардхона дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара фаъолият намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






