Дар Кӯлоб озмуни «Ватанпарвар» доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб даври вилоятии Озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов.
Дар озмун дастаҳои ноҳияҳои Балҷувон ва Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ мақоми сеюм, ноҳияи Восеъ ва Балҷувон зинаи дуюм ва дастаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолонаашон ҷойи аввалро соҳиб гардида, аз ҷониби масъулин бо нишону ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ карда шуданд.
Акнун дастаи ғолиб аз шаҳри Кӯлоб роҳхати даври ҷумҳуриявиро ба даст оварда, рӯзҳои наздик ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар мешавад.
Дастаҳои ғолиби марҳилаи ноҳиявӣ med-blog.com минтақавӣ роҳ ёфта, баҳри дарёфи роҳхат ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ бо ҳам талош варзиданд. Ба ин ҳамоиш дастаҳои пурқувват роҳхат гирифта, ҳар яки онҳо маҳорату малакаи ҳарбӣ-варзиширо дар сатҳи баланд намоиш доданд.
Директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдарҷони Ҳайдар гуфт, ки дар ин озмун ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ аз уҳдаи шартҳо баромаданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






