Дар километри 62-юми роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар километри 62 — юми роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромад. Вобаста ба ин ҳаракати нақлиёт маҳдуд гардида, оқибатҳои тарма бартараф карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар робита ба ҳолати тармафароӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро бе зарурати фаврӣ дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ҳангоми истифодаи гармкунакҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.
Кумита аз ронандагоне, ки ният доранд дар ин рӯзҳо тавассути ин хатсайрҳо сафар кунанд, дархост мекунад, ки дар навбати аввал дар бораи вазъи роҳ маълумоти пурра ва боэътимод гиранд.
Кумита ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки бехатариро дар ҷойҳое, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст- дар наздикии мактабҳо, ағбаҳо, гардишҳо ва пастиҳо риоя намоянд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ масофаи байни мошинҳоро назар ба ҳолати муқаррарӣ дарозтар нигоҳ доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






