Дар километри 62-юми роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда шуд

Февраль 7, 2023 16:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар километри 62 — юми роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромад. Вобаста ба ин  ҳаракати нақлиёт маҳдуд гардида, оқибатҳои  тарма бартараф  карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар робита ба ҳолати тармафароӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро бе зарурати фаврӣ дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин ҳангоми истифодаи гармкунакҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.

Кумита аз ронандагоне, ки ният доранд дар ин рӯзҳо тавассути ин хатсайрҳо сафар кунанд, дархост мекунад, ки дар навбати аввал дар бораи вазъи роҳ маълумоти пурра ва боэътимод гиранд.

Кумита ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо аз ронандагон  хоҳиш мекунад, ки бехатариро дар ҷойҳое, ки ҳаракати нақлиёт зиёд аст- дар наздикии мактабҳо, ағбаҳо, гардишҳо ва пастиҳо риоя намоянд. Ҳангоми ҳаракат  дар роҳҳои кӯҳӣ масофаи байни мошинҳоро назар ба ҳолати муқаррарӣ дарозтар нигоҳ доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2023 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд