Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1191 адад (с.2021- 1951 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 362 муроҷиат хаттӣ (с.2021 — 369), 825 муроҷиат шифоҳӣ (с.2021 — 1569), 1 муроҷиат электронӣ (с.2021 — 6) ва 3 муроҷиат телефонӣ (с.2021 — 7) буданд. Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон қонеъ гардонида шуданд. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 50 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






