Дар Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор карда шуд

Февраль 10, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии давлатҳои аъзои Гурӯҳи дӯстони об ҷиҳати баррасии раванди тадорукоти Конфронси дарпешистодаи оби СММ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ҳамоиши мазкур муколама байни муовини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад, намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт ҳамчун ҳамраисони Конфронс ва кишварҳои узви Гурӯҳи дӯстони об роҷеъ ба аҳаммияти гирифтани уҳдадориҳои ихтиёрӣ дар чаҳорчӯби Рӯзномаи амали об ва омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»