Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 23, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сафарбар гардидаанд, аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, роҳбарони якчанд идораву муассисаҳои масъули вилоятӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ёдоварӣ аз фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ изҳор намуд, ки мутаассифона, дар ин офати табиӣ нафарони зиёде ҷони худро аз даст доданд, ки ҷуброннопазир аст.

Сокини ноҳияи Мурғоб аз номи сокинони ноҳия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгирии бевосита изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки дар лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зарардидагон баръало эҳсос гардид.

Аз лаҳзаҳои аввали бориш ҷаласаи ситоди назди раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят-Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида, барои ба ҷойҳои бехавф кӯчондани оилаҳои зери хатар қарордошта, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар чунин мавзеъҳо дастури қатъӣ дода шуд. Мутаассифона, сарфи назар аз ҳамаи чораҷӯиҳои сохторҳои масъул на ҳамаи сокинон қоидаҳои бехатариро риоя намуданд ва оқибати он бо фоҷиаи фавти 18 нафар дар ҳудуди вилоят анҷом ёфт.

Гуфта шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин бояд лоиҳа барои барқарор намудани хонаҳои зарардида омода ва барои мувофиқа пешниҳод карда шавад.

Ба иттилои муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи офатҳои табиӣ тибқи ҳисоботи пешакӣ, ба сохторҳои соҳаи энергетикии вилоят ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ зарар расид. Сарфи назар аз он ки садамаҳо сари вақт бартараф ва сокинони вилоят бо неруи барқ таъмин гардиданд, такроран сар задани офатҳои табиӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят боз ба назар мерасад ва бартарафкунии он идома меёбад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ташкили корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида, барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки тибқи эҳтиёҷ барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5-тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад, зеро кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки маҳкам будани роҳ сабаби баландшавии нархи маҳсулот мегардад.

Ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур дода шуд, ки ҷиҳати шаффоф тақсим намудани кумакҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хонаводаҳои зарардида дастрас карда мешаванд, гурӯҳи корӣ дар ҳайати сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ин тақсимот ҷиддӣ назорат карда шавад.

Бартафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилоят идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 23, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд