Дар шаҳри Лондон аввалин Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир доир карда мешавад

Февраль 15, 2023 16:37

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ба аввалин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба вазорат.

Иттилоъ дод шуд, ки аввалин Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар шаҳри Лондон ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Британияи Кабир ҳамчунин дар атрофи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд