Дар шаҳри Норак ҷиҳати пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон конфренсия доир карда шуд
НОРАК, 12.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак ҷиҳати пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон таҳти унвони «Ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад» Конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсия иброз гардид, ки имрӯзҳо, мутаассифона, оилаҳои ҷавон зуд-зуд пош хӯрда истодаанд, ки ин ҳолат боиси нигаронист. Дар ин робита фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки ҷиҳати муайян намудани омилҳои аслии роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Пешниҳод гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ байни синфҳои болоӣ дарсҳои маърифати оиладорӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, зимни ин дарсҳо шахсони рӯзгордидаву ботаҷриба барои гузаронидани суҳбат даъват карда шаванд. Инчунин фаъолияти Шӯрои кор бо занон ва оила дар назди ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷоннок гардонида шавад.
Минбаъд низ чунин чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар ҷомеа дар шаклҳои назариявию амалӣ баргузор карда мешаванд.
АКС: бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






