Дар шаҳри Женева низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии корӣ дар шаҳри Женева, қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии савдо масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар низоми Тоҷикистон ва дастовардҳои он муаррифӣ карда шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода роҳбарӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди мамлакат хабар доданд.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор ба Тоҷикистон кумаки техникӣ ва мусоидат сурат гирад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати расмии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои гуфташуда баён намуд.
Инчунин пешниҳод ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ва мусоидат ба Тоҷикистон аз тарафи созмон дастгирӣ ёфт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






