Дар Шаҳринав марҳилаи дуюми сохтмони бинои Маркази омода намудани наҷотдиҳандагон оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Имсол марҳилаи дуюми сохтмони Маркази тайёр намудани наҷотдиҳандагон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав ва дар заминаи он ба истифода додани марказҳои омодасозии ғаввосон ва кинологҳо оғоз мегардад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон 7 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуолода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иброз гардид, ки марказ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар самти огоҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавфмонда мусоидат менамояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, такмили донишҳои касбӣ ва бозомомӯзии онҳо кумак мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки 5 июли соли 2022 дар Душанбе дар доираи лоиҳаи Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо дастгирӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва давлати Фаронса барои омода намудани наҷотдиҳандагон марҳилаи якуми сохтмони бинои Маркази тайёр намудани наҷотдиҳандагон ба итмом расид.
Дар нишасти матбуотӣ инчунин гуфта шуд, ки соли 2022 бо мақсади омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин баланд бардоштани малакаи онҳо бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ 248 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 65 семинар, конфронсҳо, курсҳои такмили ихтисос иштирок намуданд. Дар робита ба ин соли гузашта се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия дар самти омӯзиши «Бехатарии техносфера» (бахши «ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода») дохил шуданд. Ҳоло дар ин донишгоҳ 5 афсари Кумита ва 14 курсант таҳсил мекунанд, ки пас аз хатми он ба Ватан баргашта, фаъолияташонро идома медиҳанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






