Дар Тоҷикистон даҳаи охири моҳи феврал ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи охири моҳи феврал ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, то 21 дараҷа гарм мешавад. Танҳо 25 феврал дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.
Тибқи иттилои номбурда, аз 21 то 28 феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 8 ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад. 25 феврал борон ба амал омада, ҳаво рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 25 феврал дар ноҳияҳои алоҳида борон ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. 25 феврал ҳаво то 5+10 дараҷа гарм мешавад.
21 ва 23 феврал дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 25 феврал дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад. 25 феврал ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 10 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳру ноҳияи тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 25 феврал дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 8 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
21 ва 23 феврал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 25 феврал дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дарҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона то 21 ва рӯзона то 9 дараҷа хунук мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






