Дар вилояти Суғд бо намояндагони ширкати «GAZ Group»-и Федератсияи Русия мулоқот доир шуд

Февраль 16, 2023 17:39

СУҒД, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти роҳбарияти вилоят бо намояндагони ширкати​ «GAZ Group»-и Федератсияи Русия доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ёдрас карда шуд, ки 8-12 феврал​ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегороди Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дода, бо соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии ин вилоят созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буданд. Бо гузашти чанд рӯз пас аз имзои созишномаҳои ҳамкорӣ​ намояндагони ширкати «GAZ Group» ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи соҳаи саноат ва имконият барои тавсеаи ҳамкорӣ ба вилояти Суғд омаданд.

Дар мулоқот доир ба вазъи соҳаи саноат маълумот дода, иброз гардид, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, бунёди корхонаҳои гуногун идома дорад.

Гуфта шуд, ки соҳибкорони рус метавонанд бо вазъи корхонаҳои саноатии вилоят шинос гардида, барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак саҳми арзанда гузоранд.

Намояндаи ширкати «GAZ Group» вобаста ба мошинҳои дар​ ширкат истеҳсолшаванда маълумот дод. Дар ин корхонаи азими саноатӣ нақлиёти мусофиркашони автобусу микроавтобусҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар нақлиёти хизматӣ истеҳсол карда мешаванд.

Намояндагони ширкат ҳамзамон бо ҷараёни истеҳсолот дар якчанд корхонаҳои вилояти Суғд шинос гардида, омодагии худро бо истифода аз имконият барои таҳкими ҳамкорӣ иброз карданд.

Ҳамзамон намояндагони ширкати «GAZ Group» аз корхонаҳои «Тоҷфилиз» ва ​ «Хуҷанд-ЗИЛ»​ боздид намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 16, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд