Дар вилояти Суғд Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомат таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 20 феврал дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамалакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон боифтихор чунин таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Хизматчиёни ҳарбӣ- аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, ба ин восита манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватан ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона иҷро мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






