Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бо ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» шартнома баст

Февраль 21, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони равияи иқтисодии донишгоҳ бо ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» шартномаи дутарафа бастааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ хабар доданд.

Намояндагони ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» бо донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-и  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрӣ намуда, ба онҳо оид ба таърихи пайдоиши ширкат,  кушодашавии брендҳои бонуфузи «Ашан», «bi1» дар Тоҷикистон маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки ин ширкати бузурги фаронсавӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои худро таъсис медиҳад. Донишҷӯёни самти иқтисодӣ имкон доранд, ки таҷрибаомӯзии худро дар ин ширкат гузаронида, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.

Ширкат фаъолияти пурсамари донишҷӯёнро дида, метавонад дар оянда онҳоро бо ҷойи кор таъмин намояд.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Февраль 21, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд