Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бо ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» шартнома баст
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони равияи иқтисодии донишгоҳ бо ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» шартномаи дутарафа бастааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳ хабар доданд.
Намояндагони ҶСП «Шивер-Тоҷикистон» бо донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрӣ намуда, ба онҳо оид ба таърихи пайдоиши ширкат, кушодашавии брендҳои бонуфузи «Ашан», «bi1» дар Тоҷикистон маълумот доданд.
Гуфта шуд, ки ин ширкати бузурги фаронсавӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ корхонаҳои худро таъсис медиҳад. Донишҷӯёни самти иқтисодӣ имкон доранд, ки таҷрибаомӯзии худро дар ин ширкат гузаронида, донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
Ширкат фаъолияти пурсамари донишҷӯёнро дида, метавонад дар оянда онҳоро бо ҷойи кор таъмин намояд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






