Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии Тоҷикистон шомил гардид

Февраль 2, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 барои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли муваффақ ва бобарор буд, зеро тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии Тоҷикистон шомил гардид. Дар оянда моро зарур аст барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ ва сатҳу сифати таълим корҳоро тақвият бахшем. Ин матлабро Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе иброз намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар мамлакат маҳсуб шуда, аз рӯи равияҳои иқтисодӣ мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд. Донишгоҳ аз рӯи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассис омода карда, ба бозори меҳнат пешниҳод месозад.

Алҳол дар Донишгоҳ 3685 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 2477 нафари он дар омӯзиши рӯзона, 1176 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 32 нафар дар шуъбаи магистратура таҳсил менамоянд. Ба таълими зиёда аз 3,6 ҳазор нафар донишҷӯён дар маҷмӯъ дар самти пешбурди фаъолияти таълимию методии донишгоҳ 227 нафар омӯзгорон ҷалб гардидаанд, ки 17 нафарашон докторони илм, қариб сад нафарашон номзади илм, 8 нафар муаллими калон ва 31 нафар ассистент мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақомоти идоракунандаи донишгоҳ дар ҳайати 29 нафар фаъолият дорад, ки 3 нафарашон доктори илм ва 20 нафарашон номзади илм мебошанд.

Дар анҷом ба саволҳои сершумори намояндагони расонаҳои хабарӣ, ки фарогири масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъминот бо китобҳои дарсию методӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, иштироки муҳассилин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён, шароити таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ, хусусияти раванди таҳсил дар низоми фосилавӣ, дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯён буданд, посухҳои мушаххас дода шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд