Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ карда шуд

Февраль 9, 2023 09:15

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дурнамои ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.

Вохӯрӣ барои тақвият ва густариши робитаҳои гумрукӣ заминаи мусоид арзёбӣ гардида, ҷонибҳо дар ин самт масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкорӣ ва пайваста гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои муштараки байниҳукуматиро таъкид намуданд.

Ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба таҳияи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ишора карда шуд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ иҷрои банди 12 Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки 24 декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки муқаррароти банди мазкур ҷиҳати ташкили маркази логистикии муосир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ягонакунӣ, коркард, нигаҳдорӣ, тамғагузорӣ ва бастабандии мева ва сабзавот барои содироти минбаъдаи он равона гардида, ин масъаларо дар ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки тибқи маълумоти омори гумрукӣ, масъалаи содирот ва воридоти молу маҳсулот байни давлатҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар робита ба ин аз сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон ҷиҳати ҳалли ин масъала даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ доир ба имконоти кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши гардиши мол байни ҷонибҳо диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, масъалаи содироти меваи тару тоза ва хушкмеваҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, инчунин масъалаҳои рушди тиҷорат ва инфрасохтори сайёҳӣ байни давлатҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои баррасишударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2023 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд