ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Бахшида ба 30-солагии таъсиси фонд дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи аввали моҳи июн дар Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал конфронси байналмилалӣ баргузор карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, имсол аз таъсиси он 30 сол сипарӣ мегардад.
Ҳадафи таъсиси фонди мазкур, пеш аз ҳама, бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал мебошад, ки батадриҷ пастшавии сатҳи онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷиаҳои асри ХХ арзёбӣ намуда буд.
Рамзи ҷашнии 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






