Форуми байналмилалии «Помир-Инвест» имкон дод, ки ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонида шаванд

Февраль 27, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест» доир гардид, ки дар натиҷа ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ин бесобиқа мебошад. Ин матлабро роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки то имрӯз дар чаҳорчӯби ин шартномаҳо 12 лоиҳа ба маблағи 160 млн сомонӣ амалӣ гашта, дар 7 лоиҳа ба маблағи 665 млн сомонӣ корҳо идома доранд.

Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,7 фоиз ва қисми хароҷоти буҷет дар соли ҳисоботӣ ба андозаи 98,4 фоиз таъмин карда шуд. Ҳамаи уҳдадориҳои давлатӣ оид ба сари вақт пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва дигар намудҳои пардохтҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пурра иҷро гардиданд. Пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳои вилоят нисбат ба соли 2021 2,2 фоиз афзоиш ёфта, ба 378 миллиону 11 ҳазор сомонӣ баробар гардид.

Ҳамзамон дар заминаи эълон намудани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар вилоят 27 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 223 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Давоми сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 10 423 ҷойи нави кор таъсис дода шуда, 2306 нафар аз рӯи 40 ихтисос ба касбомӯзӣ ва 435 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар вилоят 150,9 млн сомонӣ ва муомилоти умумии мол ба андозаи 12 фоиз афзоиш ёфт.

Ҷиҳати таъмини минбаъдаи хоҷагии халқи вилоят бо энергияи «сабз» соли 2022 корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 63,8 млн сомонӣ анҷом дода шуда, канали обпарто, зеристгоҳи 110 кВт, хати интиқоли барқи 110 кВт Хоруғ — Себзор бунёд гардид. Талафоти неруи барқ 8,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 0,41 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии маблағ 100 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 27, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд