Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 1,7 миллион нафар мусофирон хизмат расонидааст

Февраль 1, 2023 20:05

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2022 ба зиёда аз 1,7 миллион нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2021 қариб 820 ҳазор нафар ё 2,1 маротиба зиёд мебошад. Дар ин хусус муовини Директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Аслиддин Меликзода 1 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бо дахли фаъолияти терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавсуф гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 1 миллиону 866,7 тонна бор ва почта қабул ва интиқол дода шуданд, ки дар қиёс ба соли 2021 беш аз 450 тонна ё зиёда аз 32 фоиз зиёд аст.

Инчунин кормандону мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли сипаригардида ба 6,5 ҳазор хатсайрҳо хизмат расонидаанд. Аз ин омор 5 ҳазору 685 ададаш хатсайри мунтазам ва 814 адад хатсайри ғайримунтазам буда, нисбат ба соли 2021 3420 адад ё 112,2 фоиз зиёд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии мамлакат, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зарфи даҳсолаи охир рушд намуда, ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву замонавӣ табдил гардид. Ин раванд имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои терминали нави муосир барои мусофирон, терминали нави муосири боркашонӣ буда, соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин ҳама бозгӯи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи авиатсияи мамлакат мебошад.

Ҳамзамон соли 2019 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ дар таъмини амнияти парвозҳо аҳамияти калон дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ буда, мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 1, 2023 20:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа