Гардиши кураи Заминро аз фазо мушоҳида кардан мумкин аст?
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аслан тасдиқи ин далел возеҳ аст, ки кураи Замин дар ҳақиқат давр мезанад. Ба гуфтаи олимон, мушоҳида кардани гардиши Замин дар вақти воқеӣ ғайриимкон аст, зеро сайёра хеле суст давр мезанад, аммо роҳҳои дидани таъсири гардиши он вуҷуд доранд, менависад Live Science.
Агар Замин дар атрофи меҳвари худ давр намезад, мо ҳаргиз тулуъ ва ғуруби Офтобро дида наметавонистем, на шаб вуҷуд дошт ва на рӯз. Одамон гардиши сайёраро ҳис карда наметавонанд ва ё дар меҳвари худ давр задани онро мушоҳида карда наметавонанд.
Аммо оё роҳҳои тасдиқ кардани он ки Замин дар сатҳи сайёра давр мезанад, вуҷуд доранд? Ва оё гардиши Заминро аз кайҳон дидан мумкин аст? Ҷавобҳо ба ин саволҳо аз чаҳорчӯбаи вақт ва инчунин аз макони мушоҳида вобастаанд, иттилоъ медиҳад «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ.
Замин давоми 24 соат як маротиба давр мезанад. Масалан, далели даврзании сайёраро наворҳои сустҳаракат аз Пойгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ, ки чанд сол пеш аз ҷониби NASA сохта шуда буд, тасдиқ мекунанд.
Гардиши Заминро аз сатҳи сайёра, масалан, бо мушоҳидаи мавқеи дигар ашё дар фазо низ тасдиқ кардан мумкин аст. Ба гуфти корманди NASA Стивен Мерковитс, роҳи осонтарини дидани гардиши Замин- ин мушоҳида кардани ҳаракати ҷирмҳои осмонии дигар ҳангоми наздик будани онҳо ба уфуқ аст. Масалан, шумо метавонед ғуруби Офтобро вақте, ки мавқеи ситора нисбат ба уфуқ тағйир меёбад, бубинед.
«Вақте ки шумо ғуруби Офтобро мебинед, пас мавқеи шумо дар Замин тадриҷан аз ситора дур мешавад, бинобар ин, ба назар чунин менамояд, ки Офтоб дар зери уфуқ меафтад. Бо ёрии Моҳ ва ситораҳо низ метавон гардиши Заминро тасдиқ кард. Дар ин ҳолат уфуқ беҳаракат (статикӣ) боқӣ мемонад ва ҷирмҳое, ки дар боло медурахшанд, ҳаракаткунанда ба назар мерасанд, зеро Замин давр мезанад», — иброз дошт Мерковитс.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






