«ХУШБАХТӢ ДАР ҶОИ КОР». Бонки Эсхата дар нахустин озмуни байналмилалии ширкатҳо қадрдонӣ карда шуд

Февраль 15, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи пурсиши қаноатмандии кормандони Бонки Эсхата муайян гардид, ки аксарият кормандони бонк дар ҷои кор худро хушбахт меҳисобанд. Ин маънои онро дорад, ки кормандон аз мавқеъ, маош ва муносибатҳои дохилии корпоративии худ қаноатманданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки Эсхата хабар доданд.

Назарсанҷии мазкур дар чаҳорчӯби нахустин Озмуни байналмилалии ширкатҳои зинда таҳти унвони “Бахт дар ҷои корӣ” аз ҷониби Маркази миллии ассессмент дар шаҳри Тошканд баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 100 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла Бонки Эсхата иштирок доштанд.

Бонки Эсхата дар озмуни “Бахт дар ҷои корӣ” фаъолнокӣ нишон дода, ба даври финалии озмун баромад. Бонк ҳамчун яке аз ширкатҳое эътироф шудааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ баҳои баланди  «Индекси бахт»-ро соҳиб гашта, аз ҷониби ҷомеаи касбӣ эътироф шудааст.

«Индекси бахти ширкат дар асоси баҳодиҳии кормандон аз рӯи 12 меъёре, ки коршиносони Маркази миллии ассессмент таҳия кардаанд, ҳисоб карда мешавад. Дар асоси таҷрибаи чандсолаи ҳамкорӣ бо корпоратсияҳои бузург, бо назардошти принсипҳои “Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ” ва тамаркуз ба афзалияти фарогирӣ ва тавозуни гендерӣ мо саволномаеро таҳия кардем, ки барои мо имкон медиҳад таҳлили ҳамаҷониба гузаронем. Татбиқи чунин ташаббус махсусан муҳим буда, имконият медиҳад, ки кӯшишҳо дар ҳар ташкилот ба масъалаҳои воқеан ҳам мубрам равона карда шаванд», — гуфт раиси ҳакамони Озмуни байналмилалии «Бахт дар ҷои корӣ» Тимур Ёдгоров.

Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон Сити»-и шаҳри Тошканд дар доираи Форуми байналмилалии менеҷмент баргузор гардид. Иштирокчиёни он намояндагони тиҷоратии гуногун аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Русия буданд.

Барномаи конфронс масъалаҳои идоракунии кадрҳо, рушди фарҳанги корпоративӣ, инчунин мавзӯъҳои марбут ба робитаи қаноатмандии кормандон ва натиҷаҳои кори онҳо дар “Ширкатҳои хушбахт” буд.

Дар нишасти мазкур Бонки Эсхатаро сардори Департаменти кор бо кормандон Малика Алимбоева ва менеҷер оид ба рушди кадрҳо Азиза Ғафурова намояндагӣ карданд.

Малика ба ҳозирин таърихи бонк, марҳилаҳои рушди он, омор, таҷрибаи ташаккули фарҳанги корпоративии Бонки Эсхатаро муаррифӣ намуд.

“Ташаккул додани муҳите, ки одамон дар он рушд мекунанд, муваффақ мегарданд ва худро бароҳат ҳис мекунанд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва кадрҳо мебошад. Пӯшида нест, ки коргарони хушбахт гарави иқлими мусоид дар коллектив, ободӣ ва музаффарияти калон ҳастанд.

Мо мехоҳем, ки кормандони бонк дар фаъолият худро хушбахт ҳис кунанд. Онҳо имкони худшиносӣ ва болоравии мансаб, қимат ва аҳамияти кори худро ҳис кунанд, аз шароите, ки бонк барои онҳо фароҳам овардааст, қаноатманд гашта, бо ҳавасмандгардонии моддию ғайримоддӣ таъмин бошанд”, — иброз дошт сардори Департаменти кор бо кормандони Бонки Эсхата Малика Алимбоева.

АКС: Бонки Эсхата

Февраль 15, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст