«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имсол шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ барои омӯзгорон зиёд карда шуд

Февраль 5, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 бори аввал Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар байни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 ҷой зиёд гардида, миқдори умумии онҳо ба 132 ҷойи ифтихорӣ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли 2023 дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар номинатсия ба 6 адад расид.

Дар ин замина, шумораи мукофоти пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, 49 адад зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ ба 84 адад расид.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар он шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» беш аз 200 ҳазор нафар аз  ҷумлаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсей ва гимназияҳо, донишҷӯёну магистрантон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Интизор меравад, ки соли равон шумораи иштирокчиёни озмун боз ҳам зиёд гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 5, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад